Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бахшида ба “Моҳвораи ҷавонон” дар байни донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот доир гардид.
Дар чорабинӣ, донишҷӯён бо рӯҳияи баланди рақобатпазирӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии мусобиқа ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва тақвияти дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни донишҷӯён мебошад.


