Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Мактаби сарварӣ» бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷамъбасти курси мазкур ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, муовини раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро Рустам ва Сардори шуъбаи ташкили ва иттилоотӣ Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти курс шунавандагон донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии худро дар самти хизмати давлатӣ такмил дода, доир ба масъалаҳои муосири идоракунии давлатӣ, такмили қонунгузорӣ ва татбиқи технологияҳои кадрӣ маълумоти муфассал ба даст оварданд. Машғулиятҳо аз ҷониби устодони ботаҷрибаи Академия дар сатҳи баланди илмӣ ва амалӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани сатҳи касбияти иштирокчиён мусоидат намуданд.

Зимни ҷамъбасти курс махсус таъкид гардид, ки баргузории чунин барномаҳои таълимӣ дар шароити муосир аҳаммияти хос дошта, яке аз омилҳои муҳими рушди самараноки хизмати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Тақвияти дониши ҳуқуқӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва мутобиқсозии хизматчиён ба талаботи навини идоракунии давлатӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ боз ҳам самаранок ва шаффоф ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки чунин курсҳо барои ташаккули тафаккури касбӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамисозии идоракунӣ, такмили доимии дониш ва малакаҳо шарти муҳими пешрафти фаъолияти хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Шунавандагони курс изҳор доштанд, ки курси мазкур барои онҳо имконияти мусоид фароҳам овард, то дониши худро такмил дода, таҷрибаи амалии худро ғанӣ гардонанд ва онро дар фаъолияти минбаъдаи касбии худ самаранок истифода намоянд.

Дар анҷом ба шунавандагон Гувоҳномаи хатми курс супорида шуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи хизматӣ барору комёбиҳо орзу гардид.