Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР АКАДЕМИЯ

Тавре иттилоъ дода будем, рӯзҳои 7-8-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳарики доно бувад” баргузор гардид, ки дар олимпиада як гурӯҳ донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамъбасти олимпиада 2 нафар ҷойи якум, 4 нафар ҷойи дуюм ва 3 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон, дар байни муассисаҳои олии касбии кишвар аз рӯйи равияи фанҳои табиатшиносию риёзӣ дар даври сеюми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2025-2026 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Барои сазовор гардидан ба чунин муваффақиятҳо, субҳи 11-уми майи соли 2026 дар саҳни Академия чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ, роҳбарият ва омӯзгорону кормандон ба хотири истиқболи ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъ омада, ин рӯйдоди таърихиро натиҷаи заҳмати донишҷӯён ва роҳбарони методии онҳо дар рушди илми тоҷик арзёбӣ намуданд.
Ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон зимни баромади хеш ғолибони олимпиадаро барои мушарраф гардиданашон ба дастовардҳои илмӣ самимона муборакбод намуд.
Сипас, дар фазои мутантан ҳамчун рамзи истиқбол ва қадршиносӣ ба ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарони илмии онҳо ифтихорномаҳо ва гулдастаҳои тару тоза тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти Академия дар масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими неруи илмӣ ва омода намудани мутахассисони дар бозори байналмилалӣ ҷавобгӯй пайваста талош меварзанд.