Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-МАҲСУЛИ ХИРАДИ ВОЛОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардаи КИМ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "САРВАР" - и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии дар толори маҷлисгоҳи Академия соати сиёсӣ таҳти унвони "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-маҳсули хиради волои Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар кори он ректори Академия, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарвар”-и Академия, Абдураҳим Шоҳиён- раиси КИМ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарвар”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ректори Академия зимни суханронии хеш аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум фаъолият мекунад. Ҳадафи асосии ҳизб муттаҳид сохтани мардум дар роҳи пешрафти кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Дар идома Шоҳиён Абдураҳим – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, вобаста ба таърихи пайдоиши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барнома ва Оинномаи ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчуни ҳизби умумимиллӣ аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузошт.

Аз таъсисёбии сулҳи пойдор то расидан ба рушди устувори кишвар марҳилаест, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ онро тай намуда, минбаъд низ дар ташаккул ва рушди босуботи ҷомеа бо анҷоми рисолати ватандӯстона ва корҳои созандагию бунёдкорона қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Гуфта шуд, ки самти дигари фаъолияти ҳизб рушди иқтисодиёти кишвар мебошад, зеро ҲХДТ барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди саноат, кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум талош менамояд.

Дар фарҷом дар доираи Аксияи " Аъзои ҲХДТ будан - ифтихору масъулияти бузурги ватандорист!" ба донишҷӯёне ва кормандоне, ки қаблан ҷиҳати пайвастан ба сафи ҲХДТ аризаҳои хешро пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.