Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРИМИЗМ- ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Дар Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он дар солҳои 2026-2030” баргузор гардид, ки дар вохӯрӣ омӯзгорон, кормандон ва магистрантон “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” иштирок доштанд. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хатарҳои терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои таҳдидовар ба Истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои муҳим ва хатарнок ба ҳисоб мераванд. Ин падидаҳо ба амнияти давлатҳо, сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардум таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Тибқи гуфтаҳои прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҷаҳон Назар, терроризм ва экстремизм метавонанд сабаби нооромӣ, низоъ, талафоти ҷонӣ ва вайроншавии ҷомеа гарданд. Аз ҳамин сабаб мубориза бар зиди онҳо вазифаи муҳимми ҳар як давлат, ташкилоту муассисаҳ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Терроризм — ин истифодаи зӯроварӣ, тарсу ваҳм ва амалҳои ғайриқонунӣ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ, динӣ ё дигар ҳадафҳо мебошад. Экстремизм бошад, пайравӣ ба ақидаҳо ва амалҳои тундравона мебошад. Шахсони экстремист аксаран таҳаммулнопазир буда, кӯшиш мекунанд андешаҳои худро бо роҳи маҷбурӣ ё зӯроварӣ паҳн намоянд, қайд гардид зимни баромади номзада илмҳои ҳуқшиносӣ, дотсент декани факултети ҳуқуқшиносии Академия Некрӯз Сафарзода.
Дар вохӯрӣ сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм мавриди таҳлил қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки сабабҳои пайдоиши ин падидаҳо гуногунанд. Яке аз омилҳои асосӣ сатҳи пасти дониш ва маърифат мебошад. Бекорӣ, камбизоатӣ, таъсири таблиғоти ғаразнок ва истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ низ метавонанд ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намоянд.

Дар назди ҳозирин иттилоъ дода шуд, ки ҷалби бештари ҷавонон бо ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад ва омили мазкур таҳдидовар буда, аз ҳар як шаҳрванди мамлакат масъулияти баландро тақозо менамояд.

Дар вохӯрӣ доир ба эҳтироми Ватан, арзишҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ баромадҳо сурат гирифта, қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар сарфи пеши мубориза аллйҳи терроризм ва экстремизм қарор дорад ва бо қабули санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ собит менамояд, ки кишвари мо дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.