Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани савияи дониш, шароити рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории конференсия баррасии масъалаҳои мубрами рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаҳои гуногун, таҳкими амнияти киберӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва маориф ба ҳисоб мерафт. Дар кори конференсия олимон, омӯзгорон, муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коршиносони соҳаи технологияи рақамӣ иштирок намуданд.
Конференсияро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев К.Н. ифтитоҳ намуда, аҳаммияти рушди технологияҳои рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъиро дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳим арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки рақамикунонӣ имрӯз ба яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа табдил ёфтааст.
Дар ҷараёни конференсия як қатор маърӯзаҳои илмӣ ва таҳлилӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Баҳрулло Файзалӣ дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар омодагии касбии хизматчиёни давлатӣ» баромад намуда, масъалаҳои истифодаи платформаҳои рақамӣ, таълими электронӣ ва такмили малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатиро мавриди таҳлил қарор дод.
Доктори илмҳои техникӣ, дотсент Қосимов Абдунаби Абдурауфович дар мавзуи «Рақамикунонии соҳаи маориф ва роҳҳои татбиқи он дар муассисаҳои таълимӣ» суханронӣ намуда, зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, синфхонаҳои интеллектуалӣ ва низомҳои электронии идоракунии таълимро таъкид кард.
Номзади илмҳои таърих, дотсент Мирзошарифзода Иброҳим Мирзошариф дар мавзуи «Вусъати технологияи иттилоотӣ ва зарфияти зеҳни сунъӣ: таҳаввули ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърӯза намуда, таъсири шабакаҳои иттилоотӣ ва муҳити рақамиро ба фарҳанг, худшиносӣ ва арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Назаров Аҳтам Пулотович дар мавзуи «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва коммуникатсияҳои байналмилалӣ» суханронӣ намуда, нақши шабакаҳои иҷтимоиро дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, дипломатияи рақамӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ таҳлил намуд.
Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов Маҳмарасул Абдуқодирович зимни баромади худ дар мавзуи «Рақамикунонӣ ҳамчун омили сарфаи хароҷот, афзоиши даромади буҷет ва коҳиш додани бекорӣ» масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, самаранокии хизматрасониҳои электронӣ ва таъсири технологияҳои рақамиро ба рушди бозори меҳнат шарҳ дод.
Иштирокчиёни конференсия қайд намуданд, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтисоди рақамӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва таҳкими рақобатпазирии кишвар мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён пешниҳод карданд, ки ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти технологияҳои рақамӣ густариш ёфта, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ ва воситаҳои муосири рақамӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои давлатӣ тақвият дода шавад.


