Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баргузор гардид, ки дар курси мазкур Носирзода Умедҷон Саидҷон- раиси ноҳияи Дарвоз, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёнии давлатии Академия Ҳамидзода Шоҳрух Бозор ва як қатор омӯзгорони Академия иштирок карданд.
Ҳадаф аз баргузории курси сайёри такмили ихтисос баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шунавандагон доир ба масоили инноватсия ва рақамикунонӣ мебошад. Дар курси сайёр, омӯзгорон вобаста ба мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳ модулҳои таълимиро омода намуда, пешниҳоди шунавандагон гардониданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, курси мазкур дар ҳаҷми 46 соат ба нақша гирифта шудааст ва дар фарҷом ҷиҳати аз худ кардани мавзуҳои дар ҷадвали машғулиятҳо пешбинишуда, ба шунавандагон аз номи Академия Гувоҳномаҳо тақдим карда мешавад.


