Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

“ҲОМИЁНИ ТАМАДДУН”

21 май ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони “Ҳомиёни тамаддун” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, ноибони ректор, устодон ва ҷавонони фаъоли муассиса иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Ректори Академия аз дастгирии давлату Ҳукумат бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, саҳми ҷавононро дар рушди идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳои мамлакат баланд арзёбӣ намуданд.

Инчунин, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб дар суханронии худ қайд намуданд, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳама соҳаҳои иҷтимоии давлат барало эҳсос мегардад, ки дар ин раванд барои рушду такмил ёфтани худи онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар фазои тантанавӣ як қатор ҷавонони фаъоли муассиса бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ, аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия ва аъзоёни маҳфилҳои ҳунарии он, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ як барномаи фарҳангӣ ҳамчун армуғони идона тақдим гардид.

Дар раванди чорабинӣ, аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба дастгирии Пешвои ҷавонпарваронаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон андешаронӣ гардид