Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Тавре иттилоъ дода будем, дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон курси сайёри такмили ихтисос барои муовинони раисони ҷамоатҳо ва кормандони мақомоти маҳаллӣ баргузор гардида буд, имрӯз ҷамъбаст гардид. Ин чорабинӣ дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти инноватсия ва рақамикунонӣ роҳандозӣ шуда, ба таҳкими донишҳои касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрҳои маҳаллӣ равона гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадафи асосии курс баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи иштирокчиён дар самти истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ дар ин соҳа мебошад. Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои марбут ба рушди ҳукумати электронӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи воситаҳои рақамӣ дар идоракунии маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи барномаи курси сайёри такмили ихтисос, омӯзгорони ҷалбшуда модулҳои муосири таълимии марбут ба инноватсия ва рақамикунониро пешниҳод намуда, онҳоро бо мисолҳои амалӣ тақвият доданд. Курс дар ҳаҷми 46 соат ҷамъбаст гардида, ба шунавандагон Гувоҳномаҳо супорида шуд.