Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Муколама оид ба обҳои фаромарзӣ дар заминаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои минтақавии обӣ: тамаркуз ба Осиёи Марказӣ» семинари омӯзишӣ, ҳамчу нахустин чорабнии канорӣ дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор гардид.
Семинари омӯзишӣ дар доираи ташаббуси «Blue Peace Central Asia» (BPCA) баргузор гардида, аз ҷониби Институти байналмилалии идоракунии захираҳои обӣ (IWMI) дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭЦА) бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи иштирокчиён дар самти истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои обии фаромарзӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва густариши робитаҳои касбӣ байни мутахассисон мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи семинар ректори Академияи идоракунии давлатӣ н.и.п., дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон, директори стратегии барномаи «Об, рушди иқтисодӣ ва фарогирӣ»-и Институти байналмилалии идоракунии захираҳои обӣ – Инга Ҷейкобс-Мата, намояндагони Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносони соҳаи захираҳои обӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир шуда, ба масъалаҳои ҳамкории фаромарзӣ дар самти идоракунии захираҳои обӣ бахшида шуд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки захираҳои обии минтақа дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши талабот ба об ва таҳаввулоти геополитикӣ аҳаммияти калидӣ дошта, таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин самт зарур мебошад. Инчунин, дар доираи семинар масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии об, истифода ва ҳифзи обҳои фаромарзӣ, пешгирии баҳсҳо, идоракунии ҳавзаҳои дарёҳо, инфрасохтори обёрӣ, экосистемаҳои кӯҳӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


