Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

“ИМИҶИ (СИМО)-И МУСБАТИ ЗАН-РОҲБАР”

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат ва шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ-амалӣ дар мавзуи “Имиҷи (симо)-и мусбати зан-роҳбар” баргузор гардид.

Чорабиниро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич ифтититоҳ намуда, дар он директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат Маликшозода Шоҳбегим Хайрулло, сардори шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ Ғоибзода Меҳрангез Амонулло ва магистрантон баромад намуданд.

Дар семинар магистрантони шуъбаи шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ ва донишҷӯдухтарони фаъоли Академия ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузор намудани семинари мазкур баланд бардоштани маърифати роҳбарӣ, ба роҳ мондани рафтору муносибат ва муоширати дуруст, дар маҷмуъ, симои мусбати зоҳирӣ ва ботинии духтарону занон дар раванди хизмати давлатӣ ва фаъолияти корӣ буд.

Дар семинар барои таҳким бахшидан ва муайян кардани малакаҳои роҳбарӣ аз иштирокдорон тестҳои санҷишӣ гирифта шуд.