(чорабинии канорӣ (Side event) дар доираи Конференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»)
Дар Маркази “Дипломатияи Об”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзуи «Об ва ҷангал: вақти бунёди пулҳо» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ ва бахшҳои муҳокимавӣ Карамалишо Карамалишоев – ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, Александр Тимченко – Директори генералии Ассотсиатсияи байналмилалии минтақаҳои кӯлӣ, Руслан Эделгериев – намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои иқлим ва захираҳои об, Марк Зейтун – Директори Маркази оби Женева, Ирина Югай — Намояндаи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ, Татяна Наумова — Муовини роҳбари Департаменти робитаҳои иқтисоди берунӣ ва байналмилалии шаҳри Москва, Степан Земтсов ва Вера Баринова — намояндаҳои Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, Ҳукумати шаҳри Москва, Ассотсиатсияи байналмилалии минтақаҳои кӯлӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ доир гардид.
Ҳадафи асосии ҳамоиш ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ ба ҳифз ва рушди устувори экосистемаҳои ба ҳам алоқаманди об ва ҷангал, инчунин истифодаи самараноки захираҳои фаромарзӣ мебошад.
Дар мизи мудаввар мавзуъҳои нақши об ва ҷангал ҳамчун воситаи сулҳ ва ҳамкорӣ дар шароити таҳаввулоти глобалӣ; такмили стратегияҳои ҳифз ва идоракунии захираҳои ҷангал ва оби Авруосиё; дипломатияи об ҳамчун фаъолияти бисёрҷабҳа барои пешгирӣ ва ҳалли баҳсҳои фаромарзӣ; татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии инфрасохтори об ва ҷангал; ҷалби сармоягузориҳои «сабз» ва «кабуд» ба лоиҳаҳои соҳавӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинӣ бо муҳокимаи саволҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳои пешакӣ оид ба таҳкими робитаҳои байнисоҳавӣ ва байнидавлатӣ дар соҳаи ҳифзи экосистемаҳои обӣ ва ҷангал ба анҷом расид.


