Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ КАДРИИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ДАР АКАДЕМИЯ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намояндагони хадамоти кадрии як қатор вазорату идораҳо вохӯрӣ доир гардид, ки ҳадафи он таъмини хатмкунандагони Академия бо ҷойи кори доимӣ мебошад.

Дар вохӯрӣ муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ масъалаи ҷойҳои кории холии мансабҳои маъмурии хизмати давлатиро дар сатҳи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки ҷалби бештари ҷавонони болаёқат ба хизмати давлатӣ барои ташаккул ва инкишофи соҳаи хизмати давлатӣ мусоидати фаъол хоҳад кард. Аз ин дидгоҳ, дар назди хатмкунандагон иттилоъ дода шуд, ки хизмати давлатӣ яке аз соҳаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, ки ниёз ба неруи созанда, забондон, худшинос ва содиқ ба халқу Ватан дорад. Бинобар ин, аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди хизмати давлатӣ тавассути донишҳои қавӣ саҳми назарраси худро гузоранд. Дар идома, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим, н.и.и, дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил нақши Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди омода намудани мутахассисони идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ назаррас арзёбӣ намуда, қайд кард, ки Академия барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба як қатор вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ шартнома ба имзо расонидааст, ки хостагирии кадрҳо низ аз ҳисоби таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда мешавад. Дар вохӯрӣ, рӯйхати 106 нафар хатмкунандагоне, ки муассисаро тариқи ройгон таҳсил намудаанд, пешниҳоди намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ гардонида шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таклиф ба миён омад, ки қабул ба хизмати давлатӣ тибқи талаботи технологияи кадрӣ ба роҳ монда мешавад ва довталабон метавонанд аз рӯйи хоҳиш бемамоният ҳуҷҷатҳои худро барои ишғоли мансабҳои муъмурии хизмати давлатии ин ё он вазорату идораҳо, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоранд ва дар рушди хизмати давлатӣ саҳми бевоситаи худро гузоранд.