Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ ВА ТЕРРЕНКУР – ОМИЛИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Субҳи имрӯз, 30 майи соли 2026, кормандону устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба машқҳои пагоҳирӯзӣ ва роҳгардии саломатӣ (терренкур) дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониш ҷалб карда шуданд.

Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо таҳкими саломатии кормандону омӯзгорон, баланд бардоштани омодагии ҷисмонӣ, ташаккули фарҳанги варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Машқҳои пагоҳирӯзӣ яке аз воситаҳои муҳимми беҳтар намудани фаъолияти дилу рагҳо, мушакҳо ва системаи асаб ба ҳисоб рафта, ба инсон неруи тоза ва рӯҳияи болида мебахшанд. Иҷрои мунтазами машқҳои ҷисмонӣ субҳгоҳон қобилияти корӣ ва зеҳниро афзоиш дода, барои фаъолияти самараноки рӯзона заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён маҷмуи машқҳои умумирушддиҳандаро иҷро намуда, инчунин дар масирҳои махсуси боғ ба роҳгардии саломатӣ – терренкур машғул гардиданд. Терренкур яке аз шаклҳои самараноки тарбияи ҷисмонӣ буда, тавассути роҳгардии мунтазам дар ҳавои тоза ба беҳтар гардидани гардиши хун, фаъолияти узвҳои нафаскашӣ ва устувории ҷисмонӣ мусоидат мекунад. Ин навъи фаъолият барои пешгирии бемориҳои гуногун, паст намудани хастагӣ ва баланд бардоштани қобилияти меҳнатӣ аҳамияти калон дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ, роҳгардии саломатӣ ва дигар чорабиниҳои варзишӣ идомаи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими солимии ҷомеа, рушди соҳаи варзиш ва тарбияи насли солиму фаъол ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи пайваста ба тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш барои баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва таҳкими неруи инсонӣ нақши муҳим дорад.

Чунин иқдомҳои солимгардонӣ дар оянда низ идома ёфта, ба таҳкими саломатии ҷомеа, рушди фарҳанги варзиш ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳанд кард.