Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

СИНГАПУР ИШОРАРО ДАРЁФТ

Дар нашрияи таҳлилии байналмилалии «Евразия сегодня» мақолаи нави дипломати маъруфи тоҷик, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Алимов таҳти унвони «Сингапур ишораро дарёфт», ба нашр расид.

Муаллиф дар мақолаи худ ба бозтоби натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираҳои коршиносии байналмилалӣ таваҷҷуҳ намуда, аҳамияти геополитикӣ ва геоиқтисодии муносибатҳои Тоҷикистону Чинро таҳлил мекунад.
Ба андешаи муаллиф таваҷҷуҳи таҳлилгарони бонуфузи Сингапур ба натиҷаҳои ин сафар нишон медиҳад, ки Осиёи Марказӣ тадриҷан аз минтақаи канории геополитикӣ ба яке аз унсурҳои муҳими меъмории нави ҳамкориҳои Авруосиё табдил меёбад.
Дар ин замина, имзои Шартнома дар бораи дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун рӯйдоди дорои аҳамияти таърихӣ арзёбӣ шудааст.

Муаллиф ҳамчунин нақши Тоҷикистонро дар низоми нави муносибатҳои минтақавӣ баррасӣ намуда, нишон медиҳад, ки мавқеи ҷуғрофӣ, сиёсати хориҷии мутавозин ва саҳми кишвар дар таъмини субот дар Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегии онро барои шарикони байналмилалӣ афзоиш медиҳад.
Барои мутолиаи матни пурраи мақола ба пайванди зерин ворид шавед:
https://eurasia.today/actual/bolshaya-evraziya-singapur-ulovil-signal/