Таҳти чунин унвон, имрӯз 1 июни соли 2026 дар вилояти Хатлон курси азнавтайёркунӣ барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи курс, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи омода намудани кадрҳои соҳибкасбу ватандӯст аҳаммияти махсус касб менамояд. Тавре зикр гардид, хизматчиёни давлатӣ бояд нисбат ба таҳдидҳои муосир, аз ҷумла ифротгароӣ, экстремизм, таҳоҷуми фарҳангӣ ва таблиғи ғояҳои барои ҷомеаи мо бегона бетараф набошанд.
Ҳамзамон, Давлаталӣ Саид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки ҷавонон бояд ба истифодаи дурусти технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, фарҳанги истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ омӯзонида шаванд. Ба андешаи раиси вилоят, таҳдидҳои иттилоотӣ, даргириҳои минтақавӣ, авҷи гурӯҳҳои ифротгаро ва дигар равандҳои ҷаҳони муосир аз хизматчиёни давлатӣ сатҳи баланди ҳушёрӣ ва масъулиятшиносиро талаб менамоянд.
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс ибрози андеша намуд, ки такмили заминаҳои рушди хизмати давлатӣ аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида, бо қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномавӣ ва андешидани тадбирҳои амалии судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Ҷойгир намудани як қатор меъёрҳои ҳуқуқӣ дар сатҳи Конститутсия оид ба тарзу усулҳо ва шаклҳои идоракунии давлатӣ, механизмаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар чораҳои дахлдор далели гуфтаҳои боло мебошад.
Сипас, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон зимни суханронӣ зикр кард, ки курси мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои хизматчиёни давлатии мақомоти мазкур баргузор мегардад, масъалаҳои муҳимми хизмати давлатӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, рақамикунонӣ ва дигар масъалаҳо оид ба қонунгузории соҳаи хизмати давлатиро дар бар мегирад. Гуфта шуд, ки ки ҳамасола дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, таъмини мақомот ба кадрҳои ҷавобгуй ба талаботҳои байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба такмилу рушди ин муносибатҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад. Аз ин дидгоҳ, курси имрӯза бо мақсади тақвият бахшидани донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ оид ба тарзу усулҳои нави идоракунии давлатӣ, омӯзиши асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, мутобиқ гардонидани принсипҳо ва методҳои муосири идоракунии давлатӣ ба низоми рушди ҳукумати электронии муосир бо назардошти иникшофи илму техника ташкил ва роҳандозӣ гардидааст, иброз дошт, зимни баромади худ Даврон Сафарзода.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки шунавандагон аз модулҳои таълимии устодон самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ- ҳуқуқии худ тадбирҳои зарурӣ андешанд.


