Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯи курси 2-юми факултети идоракунии давлатии Академия Искандаров Юсуфҷон дар Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия», ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар номинатсияи «Саҳнача ё видеоролики беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардид.
Ғолиби озмун бо Дипломи дараҷаи I, ҷоизаи арзишманд – як адад моноблок ва мукофоти пулӣ ба маблағи 7000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
Роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Академия Искандаров Юсуфҷонро бо ин дастоварди назаррас самимона табрик намуда, ба ӯ дар раванди таҳсил ва фаъолият комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.


