Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи кӯдак» оғоз гардид. Курси мазкур барои котибони мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда, ба такмили донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии онҳо дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон равона гардидааст.
Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии шунавандагон оид ба татбиқи самараноки қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин тақвияти малакаҳои амалии онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ мебошад.
Дар доираи курс шунавандагон масъалаҳои марбут ба татбиқи санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи кӯдак, фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони дар вазъияти душвори зиндагӣ қарордошта, тартиби муайян ва ҳифзи манфиатҳои беҳтарини кӯдак, ҳамкории байниидоравӣ дар самти ҳифзи кӯдак, инчунин таҷрибаи пешқадами соҳаро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Барномаи таълимӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро дар бар гирифта, ба шунавандагон имкон медиҳад, ки донишҳои худро дар самти татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, баррасии ҳолатҳои воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон такмил диҳанд.
Баргузории чунин курсҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, такмили фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ, таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва рушди низоми ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Курси мазкур аз 1 то 6 июни соли равон идома ёфта, пас аз анҷоми он ба шунавандагон гувоҳномаҳо супорида мешаванд.


