Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОТИБИ МАСЪУЛИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ СААД ДАР ДУШАНБЕ

10-уми октябри соли 2024 дар бинои Парлумони шаҳри Душанбе мулоқоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон бо Котиби масъули Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (АП СААД) Сергей Валеревич Поспелов баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ, инчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, ректори Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон Файзулло Машраб Қурбоналӣ ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмонро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо аҳамияти тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва таҳқиқоти якҷояи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро таъкид намуданд. Дар баробари ин, зикр гардид, ки чунин ҳамкориҳо имконият фароҳам меоранд, то коршиносони муассисаҳо натиҷаҳои худро барои таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои мониторингии парлумонӣ ва таҳқиқи вазъият дар минтақаҳо ва марзҳои СААД истифода баранд. Натиҷаҳои таҳқиқот, инчунин дар ҳуҷҷатҳои мақомоти кории Ассамблея мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба имзо расониданд. Изҳори умед карда шуд, ки Ёддошти мазкур ба густариши робитаҳои илмию таҳлилӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳад намуд.

Мулоқот дар фазои самимият ва муколамаи созанда баргузор гардид, ки он ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд хидмат хоҳад кард.