Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МУҲОФИЗОНИ ВАТАНРО ШОДӢ МЕСАЗАД

30 декабри соли 2024, дар арафаи Соли Нави мелодӣ бо ибтикори раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯён ва шуъбаи дарёфт ва рушди истеъдодҳои Академия ба сарбозону афсарони қисми низомии 06870-и Қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Дар ибтидо ноиби ректор оид ба идеология тарбия ва робита бо ҷомеаи Академия Аҳмадзода Зулфия Кабир тамоми афсарону сарбозонро ба муносибати Соли Нави мелодӣ табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Сипас, аз ҷониби сарояндагони шуъбаи дарёфт ва рушди истеъдодҳои Академия ва сарбозони соҳибистеъдоди қисми низомӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ, бо гулчини суруду тарона пешкаши ҳозирин гардид.