Бахши кор бо ҷавонон

 

   

САМТИ ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН 

Бахши кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявии Академия аз мудири бахш ва 1 мутахасис иборат мебошад.

 Мудири бахши кор бо ҷавонон Остонаев Шавкат Маҳмадович;

Мутахассиси (05) Саидов Некрӯз Салимович; 

Бахши кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявии Академия яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарору фармоишҳои Шурои олимон, раёсати Академия ва Раёсати корҳои тарбиявӣ ба роҳ мондааст.

Бахш дар фаъолияташ Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академия, қарор, фармоиш, Нақшаи чорабиниҳо ва супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор, фармоиш ва супоришҳои ректори Академияро ба роҳбарӣ гирифта, иҷрои босифати онҳоро таъмин менамояд.

Бахш барои иҷрои бомуваффақияти мақсаду вазифаҳо ҳамкории доимии худро бо сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ба роҳ мемонад.

Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани ҳамоҳангсозии кори бахшҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нақшаи чорабинии муштараки онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад. 

МАҚСАД, САМТҲОИ АСОСӢ ВА ВАЗИФАҲОИ БАХШ 

         Бахш бо мақсади андешидани тадбирҳои мақсаднок ва ҳамгароишуда дар самти татбиқи сиёсати ягонаи давлатии ҷавонон ва варзиш дар миёни донишҷўён ва кормандони ҷавони Академия, инчунин таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо таъсис дода шуда, он фаъолияти худро бевосита дар ҳамкории зич бо Кумитаи ҷавонон ва  варзиш, инчунин дигар сохторҳои ҳамшабеҳ анҷом медиҳад.

       Самтҳои асосии фаъолияти бахш аз инҳо иборат мебошад:

         а) иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ   ва маънавӣ;

      б) шуғлнокии ҷавонон;

      в) таъмини тарзи ҳаёти солим;

      г) таҳсилоти муносиб барои ҷавонон;

      ғ) таъминоти иҷтимоии ҷавонон;

      д) таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;

      е) мустақилияти иқтисодии ҷавонон;

      ё) тарбияи ватандўстии ҷавонон;

      ж) ахлоқи ҳамида ва фарҳангдўстии ҷавонон;

      з) ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методӣ миёни ҷавонон.

         Дар назди бахши кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарибявии Академия Созмонҳои ҷавонони факултетҳо, гуҳуҳи фаъоли волонтёрон, гуруҳи фаъоли аналитикӣ аз ҳисоби дорнишҷӯёни фаъол ва забондон, барои тарбияи ҷавонон ва ҷалби онҳо бо корҳои созандагиву ободкорӣ, дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба таърихи ниёгон ва пайгирӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон амал мекунад.

         Кормандони бахши кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявии Академия фаъолияти худро мунтазам дар доираи низомнома, нақшаи корӣ, фармоишҳои Ректори Академия ва қарорҳои раёсат ба роҳ мондааст.   

 

Остонаев Шавқат Маҳмадович

Мудири бахши кор бо ҷавонон

Тел.: (+992) 918-73-02-59; 933-73-02-59

E-mail: ostonaevshavqat2@mail.com