Президент

БОБОНАЗАРОВА ДИЛШОДА ЭРГАШОВНА
Мудири бахши кор бо занон ва духтарон
Тел: (+992) 988-535-459
Email: dilbobonazarova95@mail.ru
САМТИ ФАЪОЛИЯТИ БАХШ
Бахши кор бо занон ва духтарон яке аз воҳидҳои таркибии Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, фаъолияти худро бо мақсади ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, фароҳам овардани шароити баробар барои амалӣ намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ноил шудан ба баробарии гендерӣ, густариши доираи иштироки занону духтарон дар чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст.
Бахши кор бо занон ва духтарон фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунанда, Оинномаи Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи раёсати корҳои тарбиявӣ, Низомномаи бахши кор бо занон ва духтарон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Дар назди бахш «Маркази бонувони фаъол» амал менамояд, ки ба ҳайати он роҳбарзанон ва занони фаъоли Академия шомил мебошанд. Ҳамчунин, маҳфили доимамалкунандаи илмӣ-маърифатии «Эъҷози сухан» барои донишҷӯёне, ки маҳорати баланди суханварӣ доранд, фаъолият мекунад. Илова бар ин, машғулияти «Лидерони сиёсӣ» бо мақсади омода намудани донишҷӯдухтарон ҳамчун сиёсатмадорони оянда баргузор мегардад.
Дар факултетҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандон ва омӯзгорон Шӯрои занон ва духтарон ва миёни донишҷӯён Шӯрои духтарон таҳти роҳбарии бахши кор бо занон ва духтарон фаъолият менамоянд. Ҳар сол роҳбарони шӯроҳо дар ҷаласаи умумӣ бо иштироки роҳбарияти Академия интихоб гардида, фаъолияти худро дар давоми як соли ҳисоботӣ анҷом медиҳанд.