|
Хайров Эҳромуддин Қурбоналиевич
Сардори шуъбаи дуюм
Тел: (+992) 900-71-80-42; 224-45-46
E-mail: @mail.ru
Шуъбаи 2-юми Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси АИД назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воҳидҳои асосии Академия маҳсуб ёфта, 1-уми сентябри соли 2019 дар сохтории Академия (қаблан Донишкада) таъсис ёфтааст.
Низомномаи шуъбаи 2-юми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оинномаи Академия ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
Шуъбаи 2-юм ҷузъи таркибии Академия буда, дар асоси Оинномаи Академия, Низомномаи мазкур, дастуру супоришҳои Ректори Академия ва дигар меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ фаъолият менамояд.
Шуъбаи 2-юмро сардори шуъба роҳбарӣ мекунад, ки он бо пешниҳоди сардори Раёсати кадрҳо коргузорӣ ва корҳои махсус ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар сохтор ва идоракунии шуъба аз кормандони зерин иборат аст:
1. Сардори шуъба;
2. сармутахассис
3. мутахассиси пешбар;
4. мутахассис;
Шуъба вобаста ба самти фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- ҷиҳати дар амал татбиқ намудани корҳои ҳарбӣ-сафарбаркунӣ барқарор намудани ҳамоҳангӣ бо роҳбарони дигар сохторҳои Академия ва ташхис намудани ҳуҷҷатҳои сафарбаркунӣ;
- иштирок намудан ҳангоми таҳияи нақшаи мудофиаи шаҳрвандӣ;
- ба танзим даровардани маълумоти оморӣ ва пешниҳоди ҳисобот доир ба тайёрии сафарбаркунии ҳарбӣ;
- ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявӣ пешниҳод намудани маълумот нисбати донишҷӯёни ӯҳдадории ҳарбӣ дошта ва даъватшаванда;
- гузаронидани корҳои таблиғотӣ дар байни ӯҳдадорони ҳарбӣ ва даъватшавандагон оид ба масъалаи риоя намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ» ва нисбати ба қайдгирии ҳуҷҷатҳои ҳарбӣ;
- таҳияи нақшаи ивазкунии ӯҳдадорони ҳарбӣ дар давраи сафарбаркунӣ;
- бо супориши комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявӣ ба даъватшавандагон дастрас гардонидани хатхабарҳо (повесткаҳо);
- ҳар сол дар моҳҳои декабр ва март ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо пешниҳод намудани рӯйхати ҷавононе, ки вақти даъватшавандагиашон фаро расидааст;
- мунтазам бо комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ дошта, дар ҷараёни фаъолият аз қарордодҳо, фармонҳо дуруст истифода намудан;
- комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳоро доир ба хориҷ гардидани донишҷӯёни даъватшаванда, ки ҳуқуқи хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайдо кардаанд, сари вақт огоҳ мекунад;
- бақайдгирии саривақтии донишҷӯёнро назорат намуда барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дастур медиҳад;
- ҳар сол дар моҳи сентябр ба даъватшавандагон маълумотномаҳои №26 - ро доир ба боздошт накардани онҳо ба даъвати хизмати ҳарбӣ медиҳад;
- ҳар сол то 15 - уми сентябр ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо рӯйхати донишҷӯёни курсҳои 4 - умро, ки ӯҳдадорони ҳарбианд ва аз қайди махсус гузаштани онҳо ҳатмӣ мебошад, пешниҳод менамояд;
- варақаи ба қайдгирии Т-2 - ро барои донишҷӯён тартиб медиҳад;
Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи 2- юм иборатанд аз:
- лоиҳаҳои фармонҳоро доир ба ҳайати донишҷӯён, ки деканатҳо пешниҳод менамоянд, арзёбӣ мекунад;
- ҳисоботи донишҷӯёне, ки Академияро хатм менамоянд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад;
- шиносномаи донишҷуёне, ки ба қайди Академия ва комиссариатҳои ҳарбӣ мегузоранд, назорат менамояд;
- хориҷ, барқароркунӣ (ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона), гирифтани рухсатии академикӣ, баргаштан, супоридани дафтарчаҳои имтиҳонотӣ ва билетҳои донишҷӯиро ба курсҳои якум, назорат мекунад;
- дафтари қайди ҳаракати донишҷӯёнро ба низом дароварда, оид ба ин масъала мунтазам комиссариатҳои ҳарбиро хабардор мекунад;
- дар маҷлисҳои назди Ректор ва Раёсати Академия оид ба хориҷу барқарор, ба шуъбаи ғоибона гузаштан, ба рухсатии академикӣ баромадан ва аз рухсатии академикӣ баргаштани донишҷӯён ҳисобот медиҳад.