ШУЪБАИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МАШВАРАТИ АКАДЕМӢ
Маҳмадиев Раҳмоналӣ Сафаралиевич
Сардори шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ
Тел: 907906470;
Email: apa.shbma@gmail.com
Маълумоти умумӣ дар бораи шуъба
Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ бо қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №2/11таъсис дода шудааст.
Шуъба хадамотест, ки дастовардҳои донишҷӯёнро оид ба тамоми шаклҳои фаъолияти таълимии ӯ дар давраи таҳсил ба қайд мегирад. Ба зиммаи хадамоти мазкур ташкили тамоми намудҳои назорати натиҷаҳои донишандӯзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷӯ гузошта мешавад.
Фаъолияти ҳайати кормандони шуъба
Фаъолияти кормандони шуъба ба корҳои ташкилию бақайдгирӣ равона гардида, асосан ба идоракунии раванди таълим бо зоҳир намудани фаъолияти академӣ ва методии самаранок бо дигар воҳидҳои сохтории Академия, тартиб додани манбаи маълумот оид ба самт (ихтисосҳо)-и Академия машғуланд. Инчунин, дар мувофиқа бо қисми таълим ташкил ва гузаронидани сессияҳои имтиҳонӣ дар факултетҳо, пешниҳоди натиҷаҳои он ба садорати факултетҳо ва раёсати Академия, ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва2) ва ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги академии донишҷӯён ва ғайра ба анҷом мерасонанд.
Ҳадафи шуъба
Ҳадафи асосии шуъба дар татбиқи амалисозии низоми кредитии таҳсилот, ташкил ва назорати ҳафтаҳои ташвиқотӣ, дар сатҳи баланд ташкил ва назорати раванди санҷишҳои марҳилавӣ ва баргузории имтиҳонҳои ниҳоӣ, омода намудани маълумотҳои зарурӣ вобаста ба талаботи раёсати Академия ва мақомоту идораҳои дахлдор иборат мебошад.
Вазифаҳои асосии шуъба
Вазифаҳои шуъба дар асоси самтҳои зерин амалӣ мегардад: банақшагирӣ, ташкилӣ, баҳисобгирӣ; идоракунӣ ва назорат.
Банақшагирӣ:
- мутамарказонии таҳияи нақшаҳои таълимии намунавӣ, фардӣ ва корӣ;
- коркарди нақшаи раванди таълим;
- коркарди тақвими академӣ;
- банақшагирии сарбории таълимии омӯзгорон;
- банақшагирии сарбории таълимии донишҷӯён;
- таҳияи каталогҳои иттилоотии академӣ;
- банақшагирии фаъолияти таълимӣ-методии омӯзгорон;
- банақшагирии назорати фаъолияти таълимии донишҷӯён.
- татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯи самт (ихтисос)-ҳои амалкунандаи Академия.
Ташкилкунӣ: Марҳилаи ташкили раванди таълим гузаронидани амалҳои зеринро дарбар мегирад:
- ташкили корҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва мутамарказ гардонидани татбиқи талаботи барнома ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯи самт (ихтисос)-ҳо;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои бақайдгирии донишҷӯён (дар се марҳила);
- таҳияи ҷадвали машғулиятҳои дарсӣ барои ҳар як давраи академӣ (семестр);
- таҳияи ҷадвали қабули имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтинги 1, 2) ва ҷамъбастӣ;
- коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Баҳисобгирӣ: Шуъба барои таъмини кори самараноки таълим дар Академия ҷамъоварии мақсаднок ва нигоҳдории тамоми намуди ҳуҷҷатҳо ва маълумотномаҳои зеринро амалӣ мегардонад:
- маълумотнома дар хусуси баҳисобгирӣ ва мутамарказ гардонидани фонди аудиторӣ;
- маълумотнома оид ба теъдоди донишҷӯён дар гурӯҳҳои академӣ, гуруҳҳои якҷояи академӣ (патокҳо) ва курсҳо;
- таҳияи манбаи маълумотҳо оид ба довталабон;
- маълумотнома оид ба фанҳои таълимӣ ва омӯзгорон;
- тайёр намудан ва баҳисобгирии рафти супоридани дипломҳо;
- таҳия, баҳисобгирӣ ва додани транскриптҳо (маълумотномаҳои академӣ);
- баҳисобгирии натиҷаҳои ҳаракати донишҷӯён (хориҷшавӣ, барқароршавӣ, интиқолёбӣ, баргаштан аз рухсатии академӣ, бақайдгирии донишҷӯён ба дарсҳои такрорӣ);
- баҳисобгирии дастовардҳои академии донишҷӯён (бақайдгирии натиҷаи имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва2) ва ҷамъбастӣ;
- баҳисобгирии тақсимот ва ҷамъоварии варақаҳои имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва 2) ва ҷамъбастӣ, дифои кор (лоиҳа)-ҳои курсӣ, ҳисоботҳои таҷрибаомӯзӣ, кори хатмкунии бакалавр (кори дипломии мутахассис), рисолаи илмии магистр, натиҷаи аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ оид ба фанҳои тахассусӣ гузаштани хатмкунандагон;
- баҳисобгирии маълумот оид ба пардохти маблағи таҳсил (нусхаи расидҳо, рӯйхатҳо ва ғайра).
Сохтор ва идоракунии шуъба
Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар сохтори шуъба 4 нафар кормандон фаъолият менамоянд:
1. Сардори шуъба
2. Сармутахассиси шуъба
3. Мутахассиси пешбари шуъба
4. Мутахассиси шуъба
Қатъ кардани фаъолияти шуъба
Фаъолияти шуъба бо қарори Шурои олимон аз нав ташкил ва ё барҳам дода мешавад.
Дар мавриди азнавташкилёбӣ ва ё қатъ гардидани фаъолияти шуъба мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷкистон аз ҷониби ректори Академия ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҳайати кормандони аз вазифа озодшудаи шуъба кафолат дода мешавад.
Масалаи даровардани тағйирот ба сохтор ва тартиби қатъ намудани фаъолияти шуъба тибқи тартиби муқарарнамудаи Оиномаи Академия амалӣ карда мешавад.