Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ

       

 

Досиев Маҳмадшоҳ Назарович

номзади  илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Мудири кафедраи идоракунии молияи давлатӣ

Тел: (+992) 918-11-96-48

E-mail: dostiev68@mail.ru

 

 

 

Кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 дар асоси сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Кафедраи мазкур яке аз марказҳои  муҳими илмию таълимӣ дар сохтори  Академия буда, фаъолияти он дар пояи илми идоракунии молияи давлатӣ  сурат мегирад ва ҳалли мушкилоти зиёдеро ба зимма дорад.

        Дар тӯли мавҷудияти кафедра вазифаи мудири кафедраро солҳои 2016-2018 доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғоибназарзода С. М. ва  солҳои 2018-2020 номзади илми иқтисодӣ, дотсент Шамсуллозода Шукрулло, ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи январи соли 2021 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Досиев Маҳмадшоҳ Назарович ба ӯҳда дорад.

       Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир маҳсуб ёфта,  Ҳадафи асосии кафедра – омода намудани иқтисодчиёни соҳаи молия, ташкили захираи кадрҳои дорандаи дониши амиқи касбӣ, одоби муошират ва салоҳияти иҷтимоӣ, қобилияти зуд ва самаранок қабулкунии қарорҳо вобаста ба масъалаҳои соҳаи молия  бо назардошти ташаккул ва рушди иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ яке аз кафедраҳои тахассусии Донишгоҳ маҳсуб ёфта, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимиро вобаста ба проблемаҳои муосири соҳаи молия ва гумрук дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

      Кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи муосири бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро омода намояд. Имрӯзҳо хатмкардагони ихтисосҳои зертобеи кафедра дар бахшҳои гуногуни иқтисод ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар кору фаъолияти устувор дошта, бо кафедра робитаи зич доранд.

    Барои омодасозии мутахассисон устодони кафедра дар раванди дарсҳо аз усулҳо ва воситаҳои муосири таълим истифода менамоянд. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии низоми идоракунӣ, талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунӣ дар самти молия ва иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд.

      Бинобар ин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсили донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шудааст. Дар ин замина дар тобеияти кафедра ихтисосҳои идораи давлатӣ ва иқтисодиёт ва танзими давлатии иқтисодиёт қарор дорад. Дар назар аст, ки ихтисоси молия ва қарз низ дар назди кафедра  мавриди  амал қарор мегирад.  Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия кардааст. Ҳоло бошад кафедраи «Идоракунии молияи давлатӣ» яке аз кафедраҳои тахассусии  факултети идоракунии давлатии Академия ба ҳисоб меравад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ саҳм мегузорад. Айни замон барои пешбурди фаъолияти кории кафедра 33-нафар ба ҳайси ҳамкорони асосӣ ва дохиливу берунӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд, ки аз он 4-доктори илм, 10-нафар номзадони илм, 8-нафар муаллимони калон, 11-нафар ассистентон кафедра мебошанд.

       Дар  назди кафедра инчунин маҳфили илмии донишҷӯён зери унвони «Молиячиёни ҷавон» зери роҳбарии ассистенти кафедра Азиззода  Маҳваш фаъолият дорад, ки нақши муассир дар ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегузорад. Кафедра дорои пойгоҳи пурқудрати зеҳнӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ мебошад, ки дар тайёр кардани мутахассисон, устодони ботаҷрибаи дорои унвони илмӣ кор ва фаъолият намуда, аз фанҳои зерин ба донишҷӯён  маҳғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаранд:

1

 Аудити бахши давлатӣ

17

Банақшагирӣ ва стратегияи молиявӣ

2

 Назорати давлатии молиявӣ дар ҶТ

18

Идоракунии қарзи давлатӣ

3

 Идоракунии молияи давлатӣ

19

Фаъолияти суғуртавӣ дар ҶТ

4

Андоз ва андозбандӣ

20

Буҷет ва низоми буҷет

5

Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

21

Баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ

6

Идоракунии буҷети  давлатӣ

22

Асосҳои идоракунии зиддибуҳронӣ

7

Идоракунии молияи давлатӣ ва маҳалӣ

23

Идоракунии хавфҳои молиявӣ

8

Муомилоти пулӣ ва қарз

24

Идоракунии буҷети  давлатӣ

9

Рушди соҳаи сайёҳӣ (туризм) ва ҷалби          

25

Пул, қарз ва бонк

10

Фаъолияти бозори суғуртавӣ

26

Асосҳои аудит

11

Молия ва қарз

27

Пул,қарз,бонк

12

Назарияи иқтисодӣ

28

Системаи андоз дар ҶТ

13

Микро ва макроиқтисод

29

Танзими давлатии иқтисодиёт

14

Сармоягузорӣ дар бозори меҳнат

30

Ҳисоботи молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ

15

Маблағгузории хурд

31

Банақшагирӣ ва стратегияи молиявӣ

16

Рушди соҳаи сайёҳӣ(туризм)

32

Таҳлили молиявӣ