Файзализода БаҳруллоФайзалӣдоктори илмҳои педагогӣ, профессор Мудири кафедра Тел.: (+992) 988-22-00-33; 005-22-00-22. E-mail: faizalizoda.bakhrullo@mail.ru |
Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ яке аз сохторҳои муҳими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, роҳбарӣ ва назорат самти технологияи иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ ва истифодабарии ТИК дар мақомотҳои давлатӣ ба роҳ монда, барои донишҷӯён, магистрантон ва хизматчиёни давлатӣ дар самти иҷрои раванди таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ мемонад.
Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурњои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академия, фармоишҳои ректор, супоришҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.
Кафедра дар тобеияти бевоситаи факултети дипломатия ва сиёсат қарор дошта, роҳбарӣ ва назорат аз болои раванди таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону омӯзгорон, донишҷӯёни Академияро амалӣ менамояд ва корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотии кафедра дар самтҳои асосии фаъолият ва фанҳои нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи Академия, ки таълими онҳо бо фармоиши ректори Академия дар назди кафедра муқаррар карда шудааст, мутобиқат менамояд.
Ҳадафҳои асосии кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академия ноил шудан ба мақсади таъмини сифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири соҳаи фанҳои дақиқ ва технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ аз дараҷаи магистратура то доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси 6D.100201-Метод ва системаҳои ҳифзи маълумот, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилот корбасти тарзи усулҳои нави таълим, ривоҷи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкил намудани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, дигар чорабиниҳои илмӣ, намоишгоҳҳо ва нашри асарҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.
Дар назди кафедра маҳфилии «Амнияти иттилоотӣ» ва семинарҳои илмӣ-назариявӣ фаъолият намуда, ҳар моҳ як маротиба тибқи нақшаи пешбинишуда доир мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 аз 31.12.2020 ба тасвиб расид. Фармони мазкур мо ҳайати профессорону омӯзгорони факултетро бори дигар водор менамояд, барои пешрафти илмҳои дақиқ, тайёр намудани мутахассисон дар самти фанҳои дақиқ боз ҳам зиёдтару пурмаҳсултар кору фаъолият намоем.
Ҳадаф ва вазифаҳои кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- омӯзиши масъалаҳои иттилоотонӣ ва ҳифзи иттилоот; Методикаи таълими технологияи иттилоотӣ дар мактабҳои олӣ;
- Сиёсати иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ;
- Мусоидат намудан ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Мусоидат намудан ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»;
- Мусоидат намудан ба татбиқи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Мусоидат намудан ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Мусоидат намудан ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Мусоидат намудан ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ».
Айни ҳол дар кафедра 11 нафар устодон аз ҷумла 1 нафар доктори илм, профессор, 5 нафар номзадони илм, дотсентон, 3 нафар муалими калон ва 2 нафар ассистентон фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ менамоянд.