Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ

Рустамзода Ҷумабек Юнус

Мудири кафедра н.и.ҳ., дотсент

Тел: +992 777-06-17-72

Маълумоти умумӣ дар бораи кафедра:

Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносӣ ҷузъи асосии таълимӣ, методӣ ва илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2004 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисос бо номи “Идоракунии давлати”, “Хизмати давлатӣ ва ҳуқуқ” таъсис дода шуда, соли 2014 номи “Ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ”, соли 2019 “Ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ” ва соли 2023 “Ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ”-ро ба худ гирифт.

Фаъолияти кафедра ба омўзиши соҳаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи молиявӣ ва институтҳои алоҳидаи соҳаҳои мазкур нигаронида шуда, баррасии масоили илмии танзими муносибатҳои ҳуқуқи оммавиро ба ҳайси самти таҳқиқот қарор додааст. Омӯзгорони кафедра кӯшиш мекунанд, ки тамоми институтҳо ва зерсоҳаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи молиявӣ ва ғайраро рушд диҳанд. Ин имкон медиҳад, ки дастовардҳои нави илмӣ ҳангоми таълими соҳаҳои болозикр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта шаванд.

Фаъолияти асосии кафедра тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар мавзуҳои мубрами соҳаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи молиявӣ ба ҳисоб рафта, мақолаю дастурҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ таҳия ва таълиф намуда, барои омода намудани монография ва рисолаҳои илмӣ сайъ менамояд.

Ҷиҳати омӯзиши масоили мубрами соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ, такмили усулҳо ва тарзу воситаҳои мавҷудаи танзими ҳуқуқии онҳо, дар заминаи кафедра Маркази рушди ҳуқуқи маъмурӣ таъсис дода шудааст. Дар доираи фаъолияти марказ ҳамкориҳо бо олимони ватанию хориҷӣ ба роҳ монда шуда, модулҳо ва васоити таълимӣ таҳия ва коркард мешаванд. Ҳамзамон, дар доираи фаъолияти марказ масоили мухталифи бо падидаҳои ҳуқуқи маъмурӣ алоқаманд ба хизматчиёни давлатӣ омӯзонида мешаванд.

Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб рафта, дар назди кафедра ихтисоси “Идораи давлат ва ҳуқуқ” дар се зина: бакалавриат, магистратура ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ амал мекунад. Ҳамчунин, дар назди кафедра зинаи таҳсилоти доктор PhD аз рўйи ихтисосҳои 6D030109 – Ҳуқуқи маъмурӣ; ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ, 6D030104 – Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ ва 6D030104 – Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипалӣ низ фаъолият менамояд. Дар баробари ин, ҷиҳати ҳавасмандгардонии муҳаққиқон ва рушд додани соҳаи илми ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи молиявӣ зинаи аспирантура ва унвоҷўӣ аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо арзи ҳастӣ дошта, дар назди кафедра зиёда аз 65 нафар унвонҷўён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.

Фаъолияти устодони кафедра оид ба коркард ва дарёфт

Фаъолияти илмии устодони кафедра асосан ба масъалаҳои назариявӣ ва амалияи ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи молиявӣ нигаронида шудааст.  Ҳамчунин, фаъолияти ҳайати устодони кафедра барои коркард ва дарёфти равиш ва усулҳои муҳими ҳуқуқии идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ташаккули мактаби илмии назариявӣ ва амалии ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи молиявӣ равона гардидааст.

Устодони кафедра ҳамасола дар омода намудани мутахассисон ва аз такмили ихтисос гузаштани хизматчиёни давлатӣ саҳми арзанда гузошта, дар ҳамаи конфронсҳои илмӣ-амалӣ, ки бо муҳокимаи масъалаҳои оммавӣ-ҳуқуқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ кишвар гузаронида мешаванд, фаъолона иштирок мекунанд. Ҷиҳати рушд додани соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ устодони кафедра нақши назаррас доранд. Аз ҷумла ҷаҳор нафар устодони кафедра аъзои Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯи  ихтисосҳои 12.00.00– Илмҳои ҳуқуқшиносӣ: (12.00.04– Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ; 12.00.14 - Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ) дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.  

Ҳадафи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ

     Ҳадафи асосии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ – таълифи воситаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ – амалии ба талаботи замон ҷавобгӯ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва идоракунии давлатӣ мебошад. Ҳамзамон, мусоидат намудан ба рушди соҳаҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра ба шумор меравад.

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва таълимии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ

Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ тибқи Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва таълимии худро зери унвони “Асосҳои ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ дар шароити ҷомеи муосири Тоҷикистон: заминаҳои назариявӣ ва амалии он” муайян намудааст. Мавзуи илмӣ-тадқиқотии кафедра барои давраи солҳои 2020-2024 «Низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳисоб меёбад.

Фанҳои таълимии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ инҳо мебошанд:

Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар ҶТ, Асосҳои ҳуқуқии хизмати ҳарбӣ, Адлияи маъмурӣ, Асосҳои идоракунии давлатӣ ва худидоракунӣ, Асосҳои худидоракунии маҳаллӣ, Асосҳои ҳуқуқии расмиёти маъмурӣ, Инкишофи қонунгузории конститутсионӣ, Масоили мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ, Масоили мубрами ҳуқуқи молиявӣ, Ҳуқуқи андоз, Ҳуқуқи андоз ва мурофиаи андоз, Ҳуқуқи буҷетӣ, Ҳуқуқи гумрукӣ, Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои собиқ Шӯравӣ, Ҳуқуқи конститутсионии ҶТ, Ҳуқуқи конститутсионӣ дар мамлакатҳои хориҷа, Ҳуқуқи маъмурӣ, Ҳуқуқи судии маъмурӣ, Ҳуқуқи молиявӣ, Ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ, Ҳуқуқи таҳсилот, Ҷавобгарии маъмурӣ, Асосҳои ҳуқуқии идоракунии мақомоти маҳаллӣ, Асосҳои ҳуқуқии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, Асосҳои ҳуқуқии назорати давлатии молиявӣ дар ҶТ, Идоракунии давлатӣ, Идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар мамлакатҳои хориҷа, Идоракунии мақомоти маҳаллӣ дар мамлакатҳои хориҷа, Идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунӣ, Идоракунии ҷамоати шаҳрак ва деҳот дар ҶТ, Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҶТ, Масоили мубрами ташкил ва фаъолияти ҳокимияти иҷроия дар ҶТ, Масъалаҳои актуалии ҳуқуқи молиявӣ, Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ Низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқовимат ба коррупсия

Дастовардҳои кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ

Барои дастовардҳои баланд дар фаъолияти илмӣ омӯзгорони кафедра дар солҳои гуногун барандаи ҷоизаҳо гардида, бо унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла Медали хизмати шоиста, аълочии маориф ва илм, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ғайра сарфароз гаштаанд.

Устодони кафедра ба самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омоданамоии кадрҳои илмӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Ҳамасола устодони кафедра рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, монографияҳои илмӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии ватанию хориҷӣ ба нашр мерасонанд. Мавзуҳои мавриди диққати омӯзгорони кафедраро масъалаҳои мубрами ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ ташкил медиҳанд.

Маҳфил ва семинарҳои илмии назди кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ

Дар назди кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Адолат” ва семинарҳои илмию назариявии устодон амал мекунад, ки ҳар моҳ як маротиба баргузор мегарданд. Дар маҳфили донишҷӯён ва семинарҳои илмию назариявии устодон мавзуҳои мубрами марбут ба соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода мешаванд.

Ҳайати омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ

Дар кафедра 42 омӯзгор, аз ҷумла 13 устоди асосӣ, 15 дохилӣ ва 14 беруна, ки аз онҳо 7 нафар доктори илм профессор, 15 нафар номзади илм дотсент, 6 нафар муаллими калон ва 14 нафар ассистент фаъолият менамоянд.

Ҳамкориҳои байналмилалии кафедра

Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ бо мақсади амалисозии ҳадафҳои худ бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда аст. Аз ҷумла бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори созишномаи ҳамкорӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии Русияи назди Президенти Федератсияи Русия (РАНХиГС) ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии шаҳри Маскав ба номи О.Е. Кутафин (МГЮА) барои омӯзгорон ва донишҷӯёни факулетети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои илмӣ – назариявӣ, дарсҳои кушод, курсҳои такмили ихтисос тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор менамояд. Инчунин, бо дастгирии молиявии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон омӯзгорони кафедра барои хизматчиёни давлатиии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои омӯзиширо ташкил менамоянд.