БАХШИ ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ
Бахши табодули академӣ фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Академия ба роҳ монда, вазифаи асосӣ он банақшагирӣ, ташкил ва назорати ҳамагуна шакли корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин ташкили табодули академии донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мебошад.
Шуъбаи табодули академӣ вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:
- ба ҳайтаи профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён додани маслиҳат оид ба табодули академӣ семинару курсҳои кутоҳмудат берун аз кишвар;
- омода кардани намоишнома ва маълумоти иттилоотӣ доир ба табодули академикӣ;
- муаррифӣ намудани Академия дар семинарҳои байналмилалӣ, вохӯриҳо дар хориҷӣ кишвар барои табодули академӣ;
- тайёр намудани нақшаи кории бахши кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ уҳдадориҳои зеринро иҷро менамояд:
- таҳия ва пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳои номзад барои сафар ба мамлакатҳои хориҷӣ дар доираи табодули академӣ;
- саривақт ҷавоб гардонидан ба мукотиботи дохилӣ ва хориҷӣ доир ба самти фаъолият;
- иҷрои саривақтии муқаррароти шартномаҳо ва созишномаҳое, ки байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соoибкории Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷи баста шудааст;
- ҷамъбаст ва таҳлили мавод оид ба самаранокии муносибаҳои илмиву методӣ ва байналмилалии донишгоҳ;
- коркард ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самараноки дар самти кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ;
- тартиб додан ва ҳамоҳанг намудани ҳисоботҳои ҷорӣ ва иттилоот дар бораи фаъолияти бахши кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ;
- иҷроиши саривақтии қарор ва фармоишҳои ректор;
- омода намудани ҳисоботҳои семоҳа, шашмоҳа, нӯҳмоҳа ва солонаи бахши кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ;
- назорати раванди ҳуҷҷатгузории кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ;
- ҷустуҷӯи шарикон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ва ташкилотҳои байналмилалӣ оиди табодули академӣ;
- омода кардани пешниҳодҳо барои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва усулҳои нави муосири таълим.
Аз ҷониби раёсати робитаҳои байналмилалӣ бо ҷалби шарикони дохилӣ ва хориҷӣ дар Академия марказҳои гуногун таъсис дода шудааст, ки айни ҳол фаъолона дар самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва хизматӣ давлатӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд:
- МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН (СОЛИ 2021)
- МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ (СОЛИ 2021)
- МАРКАЗАИ РУШДИ ҲУҚУҚИ МАЪМУРӢ (СОЛИ 2021)
- МАРКАЗИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД (СОЛИ 2022)
- МАРКАЗИ ОМӮЗИШ ВА ДАСТГИРИИ ЗАНОНИ РОҲБАРИКУНАНДА ВА БОЛАЁҚАТ (СОЛИ 2022)
- МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МУБОРИЗАБАРАНДА БА КОРРУПСИЯ (СОЛИ 2022)
- МАРКАЗИ БАРНОМАИ ГЛОБАЛИИ РОҲБАРӢ ДАР ОЗМОИШГОҲҲО (GLLP) (СОЛИ 2023)
- МАРКАЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК (СОЛИ 2023)