Зоирхонзода Фаромуз Зоирхон
Сардори раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус
Тел: +937 224-45-46
E-mail: faromuz_1992_32@mail.ru
РАЁСАТИ КАДРҲО, КОРГУЗОРӢ ВА КОРҲОИ МАХСУСИ МУАСИСАИ ДАВЛАТИИ «АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус яке аз муҳимтарин ва асоситарин воҳиди сохтории Академия ба шумор рафта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бароҳ мондааст. Санадҳои зикршуда, вазифаҳои асосии Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсусро оид ба амалӣ намудани сиёсати кадрӣ ба таври муфассал ва дақиқ муайян намудааст:
- омода намудани фармоишҳои Ректори Академия оид ба фаъолияти асосӣ ва ҳайати кадрӣ;
- интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ-идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
- ба расмият даровардани ҳуқуқҳои конститутсионии корманд ба меҳнат, аз ҷумла пешниҳод оид ба қабул ва озод кардан аз кор, ба кори дигар гузаронидан, ба рухсатӣ ҷавоб додан, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои кормандон барои сафарҳои хизматӣ, фаро гирифтан ба таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва баланд кардани тахассус, пешбурди парвандаҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон ва сари вақт пур кардани маълумоти зарурӣ, пешниҳод намудан ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ, додани маълумотномаҳо ба ҷойҳои зарурӣ;
- дар асоси қонунгузории соҳаи меҳнат ва низомномаву дастурамалҳои вазифавии Академия ба роҳ мондани интизоми меҳнат;
- ба таври саҳеҳ ва аниқ омода ва пешниҳод намудани рӯйхати воқеии омории ҳайати кадрии Академия, кадрҳои маъмурӣ-идоракунӣ, илмӣ, илмӣ-педагогӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ, хоҷагидорӣ ва ғайра;
- таҳия ва ҷобаҷогузории фармоишҳо марбут ба донишҷӯёну магистрантон;
- дуруст ба роҳ мондани гардиши ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ;
- сари вақт ба роҳ мондани муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ;
- бақайдгирии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Академия.
Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус аз воҳидҳои зерин иборат буда дар ин сохтор 15 нафар фаъолият менамоянд:
Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус:
- сардори раёсат
- муовин сардори раёсат;
- муовин сардори раёсат;
- сармутахассис;
-мутахассиси пешбар;
Шуъбаи умумӣ;
- сардори шуъба;
- сармутахассис;
- сармутахассис;
- мутахасси пешбар;
- мутахассис –хаткашон;
Шуъбаи дуюм:
- сардори шуъба
- сармутахассис
Бахши бойгонӣ:
- мудири бахш;
- сармутахассис.