Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МАРОСИМИ ИМЗОРАСОНИИ НАҚШАИ МУШТАРАКИ КОРӢ МИЁНИ АКАДЕМИЯ ВА БУНЁДИ ҲАННС ЗАЙДЕЛИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН

24 апрели соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон бо роҳбарияти Дафтари марказии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот ректори Академия меҳмононро самимона хайрамақдам гуфта, барои ташриф ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои расмии баргузоршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Зикр гардид, ки ҳузури ҳайати Бунёд ва баргузории ҷаласаи банақшагирӣ дар Маркази «Дипломатияи об»-и Академия имконияти муносиберо барои муаррифии иқтидор ва инфрасохтори таълимии муассиса фароҳам овард.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар фазои эътимоди мутақобила ва ҳусни тафоҳум рушд ёфта, ҳамкории Академия бо Бунёди Ҳаннс Зайдел намунаи равшани чунин шарикии муваффақ мебошад.

Ректори Академия саҳми арзишманди Бунёди Ҳаннс Зайделро дар рушди захираҳои инсонӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос, махсусан дар соҳаи идоракунии давлатӣ, баланд арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои судманд дар солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ-омӯзишӣ, такмили барномаҳои амалкунанда ва роҳандозии ташаббусҳои нав баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо зарурати рушди минбаъдаи барномаи магистратура аз рӯйи ихтисоси «Дипломатияи об ва идоракунии захираҳои об»-ро бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва захираҳои об таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот маросими имзорасонии нақшаи муштараки корӣ миёни Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел доир гардид. Санади мазкур метавонад заминаи устувор барои татбиқи ҳадафҳои дарпешистода фароҳам оварда, ҳамкориро ба марҳилаи нави рушд бардорад.