Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ РАҚАМИКУНОНИИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНӢ ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Самтҳои афзалиятноки рақамикунонии идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ: таҷриба, инноватсия ва дурнамо” бо ибтикори кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ бо иштироки омӯзгорон, муҳаққиқон, магистрантон ва дигар шахсони ҳавасманд семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои мубрами рақамикунонии идоракунии кадрҳо дар низоми хизмати давлатӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Зимни баргузории семинар маърузаҳои илмии номзади илмҳои фалсафа, дотсент Саидов Н.С., муаллимони калон Носиров М.С. ва Қосимзода Г.Ҷ., ассистент Хушвахтова М.А., инчунин магистрант Шарофиддини Раҷабалӣ шунида шуда, мавриди муҳокимаи илмӣ қарор гирифтанд.

Дар оғоз, маърузаи дотсент Саидов Н.С. дар мавзуи “Ташаккули рақамикунонӣ дар низоми хизмати давлатӣ” пешниҳоди ҳозирин гардид, ки дар он ҷанбаҳои назариявии рақамикунонӣ, мафҳум ва моҳияти трансформатсияи рақамӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои инсонӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Сипас, дар идомаи кори семинар маърузаҳои зерин ироа гардиданд:
– Носиров М.С. дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар низоми идоракунии кадрҳо: таҷриба ва мушкилоти амалишавӣ»;
– Қосимзода Г.Ҷ. дар мавзуи «Инноватсияҳо дар идоракунии захираҳои инсонӣ: истифодаи технологияҳои рақамӣ ва таъсири онҳо ба самаранокии фаъолияти давлатӣ»; – Хушвахтова М.А. дар мавзуи «Рақамикунонии равандҳои ҳуҷҷатгузории кадрӣ ҳамчун омили баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ»; – Шарофиддини Раҷабалӣ дар мавзуи «Рушди идоракунии рақамии захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Дар анҷоми семинар иштирокчиён масъалаҳои баррасишударо ҷамъбаст намуда, ба хулоса омаданд, ки рақамикунонии идоракунии захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои калидии ислоҳоти хизмати давлатӣ маҳсуб меёбад. Таъкид гардид, ки татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ба баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва рақобатпазирии низоми идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.