Имрӯз, 24- уми апрели соли 2026 дар маросими ҷоизасупории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, магистранти Академия Зарипов Хушнуд Иброҳимшоевич дар қатори ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар номинатсияи «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар бахши фанҳои иқтисодӣ дар самти ҷомеашиносӣ- сиёсӣ бо дипломи дараҷаи III ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Хушнуд Зариповро аз номи роҳбарият ва кулли кормандону устодони Академия бо ин дастоварди назаррас шодбош гуфта, дар корҳои оянда тавфиқу комёбиҳои нав хоҳонем.


