Таҳти чунин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ҳафтаи илм семинари илмӣ-назариявӣ ҳайати омӯзгорон, унвонҷӯён ва докторантони PhD-и кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи семинари илмӣ-назариявӣ декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафарзода Некрӯз Файзӣ ва мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Рустамзода Ҷумабек Юнус бо сухани ифтитоҳӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар семинари мазкур муҳаққиқон вобаста ба масъалаҳои рушди ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ баромад намуда, андешаҳои хешро доир ба рушди соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ баён намудандю
Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои падидаи ҳуқуқи маъмурӣ заминаҳои мусоидро фароҳам овард, ки он ба ташаккули донишҳои назариявию амалии насли ҷавони кишвар мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, семинари илмӣ- назариявӣ бо назардошти дастовардҳои олимони соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.


