Таҳти чунин унвон, имрӯз 24- уми апрели соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимони соҳаи забоншиносӣ, тарҷумашиносӣ, муҳаққиқон ва коршиносон иштирок намуданд. Дар конференсияи мазкур масъалаҳои нақши забонҳои хориҷӣ дар баланд бардоштани салоҳиятҳои касбии хизматчиёни давлатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун омили рушди дипломатияи рақамӣ ва дигар мавзуҳои қобили таваҷҷуҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Академия, номзади илмҳои филологӣ Сатторзода Т.Ғ. иттилоъ дод, конференсия бахшида ба ҳафтаи илм ва 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ташкил ва роҳандозӣ гардидааст. Иштироккунандагон қайд намуданд, ки дар замони муосир забондонӣ яке аз рукнҳои асосии самти фаъолият ба ҳисоб меравад. Рушди илм, техника ва технологияи муосир, суръат ёфтани муносибатҳои байнидавлатӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҷиҳати аз худ намудани забонҳои хориҷӣ кӯшиш намоем, иброз гардид зимни маърӯзаҳои баромадкунандагон.
Гуфта шуд, ки вобаста ба муҳиммияти забондонӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва вусъат ёфтани пайвастани Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахасисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзоянд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти то мактабӣ ба роҳ монда шавад”.
Дар интиҳои конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.


