Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

"ТАНЗИМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИИ ҲУҚУҚИ РАҚАМӢ"

Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм мизи мудаввар доир гардид. Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалӣ Нуралишоевич зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро ба муносибати Ҳафтаи илм табрик намуда, иброз дошт, ки ҳуқуқи рақамӣ яке аз воситаҳои муҳимми таъмини ҳуқуқи инсон ва идоракунии самаранок ба ҳисоб меравад. Ӯ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тадбирҳои муҳим андешида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст.

Декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафарзода Н.Ф. дар сухани ифтитоҳии худ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳуқуқи рақамӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, ки онҳо ба рушди муносибатҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар устодон ва муҳаққиқон баромад намуда, масъалаҳои гуногуни танзими байналмилалии ҳуқуқии ҳуқуқи рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни муҳокимаҳо як қатор пешниҳодҳо оид ба рушди соҳаҳои ҳуқуқ ва такмили қонунгузории миллӣ дар самти ҳуқуқи рақамӣ ироа гардиданд.

Иштирокчиён баргузории чунин мизи мудаввари сатҳи баландро ҳамчун нишонаи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва самараи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар анҷом изҳори умед карда шуд, ки мизи мудаввар дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисон, рушди илмҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими байналмилалии ҳуқуқии ҳуқуқи рақамӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.