Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиноси байналмилалӣ, докторант PhD-и Донишгоҳи Британияи Кабир (Лондон) Диана Гапак-Хюз дар мавзуи «Технологияҳои муосир дар ҷиноятҳои молиявӣ: таҳдидҳои муқовимат ба коррупсия ва қонунигардонии (расмикунонии) воситаҳои пулӣ» машғулияти кушод (лексия) ташкил ва баргузор карда шуд.
Тавре аз Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия иттилоъ доданд, зимни баргузории машғулияти мазкур аз тарафи маърузакунанда ба донишҷӯён роҷеъ ба масъалаҳои мубрами мафҳум, моҳият ва шаклҳои содиршавии ҷиноятҳои молиявӣ, нақши технологияҳои коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ дар шаклгирии ҷиноятҳои киберӣ, табодули таҷрибаи давлатҳои муваффақ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва кирдорҳои коррупсионӣ иттилооти зарурӣ дода шуд.
Қобили қайд аст, ки баргузории чорабинии мазкур идомаи татбиқи ҳамкории муштарак бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии магистрантон ва донишҷӯён мусоидат намуда, ба иҷроиши талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) шароит фароҳам меорад.


