Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ — РАВЗАНАИ НАВИНИ ИМКОНИЯТҲОИ АКАДЕМӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН ВА ОМӮЗГОРОНИ АКАДЕМИЯ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти фаъолияти иттилоотӣ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани дастрасии саривақтии донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва ҳайати профессорону омӯзгорон ба имкониятҳои таълимӣ, илмӣ ва академии байналмилалӣ, дар Telegram шабакаи иттилоотии «Ҳамкориҳои байналмилалӣ»-ро роҳандозӣ намуд.

Дар шабакаи мазкур иттилооти расмӣ ва муҳим оид ба барномаҳои табодули академӣ, таҳсил ва такмили ихтисос дар хориҷи кишвар, грантҳо, стипендияҳо, озмунҳо, конфронсҳо, семинарҳо, тренингҳо ва дигар чорабиниҳои илмию таълимии дорои аҳаммияти байналмилалӣ мунтазам нашр карда мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси шабакаи мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи академӣ аз имкониятҳои байналмилалӣ, мусоидат ба иштироки фаъоли донишҷӯён ва омӯзгорон дар барномаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ, инчунин таҳкими робитаҳои академии Академия бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Аз донишҷӯён, магистрантон, докторантон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Академия эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ба шабакаи иттилоотии «Ҳамкориҳои байналмилалӣ» пайваста, аз иттилооти расмӣ ва имкониятҳои пешниҳодшаванда сари вақт огоҳ гарданд.

Пайванд ба шабака:

https://t.me/international_cooperation_apart

Telegram (https://t.me/international_cooperation_apart)

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Шабакаи иттилоотии расмӣ оид ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои академӣ, табодули донишҷӯён ва муаррифии ташаббусҳои илмию таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.