Ифтихор ва шарафи бузург аст, ки пажуҳишгарони Академия дар роҳи фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ пайваста талош намуда, ба дастовардҳои арзишманди илмӣ муяссар гардида, хазинаи илмии ин боргоҳи илму маърифатро боз ҳам ғанӣ мегардонанд.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо, санаи 2-юми майи соли 2026 устоди кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносӣ Исломзода Илҳом Ислом рисолаи номзадии худро дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-019-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзуи “Шикори ғайриқонунӣ: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологии он”, зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сафарзода Анвар Ислом аз рӯйи ихтисоси 5.5.8. – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳимоя карда, пойгоҳи илмии ҳуқуқшиносиро дар Академия боз ҳам мустаҳкамтар намуд.
Бо дарназардошти ин, раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатӣ Исломзода Илҳом Исломро ҷиҳати даст ёфтан ба ин дастоварди бузурги илмӣ табрик ва таҳният гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва таълимӣ комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.


