2- юми майи соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии мизи мудаввари илмӣ назариявӣ таҳти унвони «Нақши пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи пиряхҳо: аз сиёсати миллӣ то амал» баргузор гардид. Мизи мудаввар бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ гардид, ки дар кори он олимон ва муқаққиқон иштирок доштанд.
Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - н.и.и., дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил зимни баромади худ вобаста ба қақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи пиряхҳо баромад намуда, иброз дошт, ки ҳифзи пиряхҳо яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, аҳаммияти глобалӣ дорад. Аз ин дидгоҳ ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар масъалаи ҳифзи пиряҳо ба беҳбудии шароити иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хоса дорад.
Дар рафти мизи мудаввари илмӣ баромадкунандагон доир ба масъалаҳои омӯзиши криосфера дар даврони Истиқлоли давлатӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалӣ вобаста ба об, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Мизи мудаввари илмӣ бо баррасии таклифу пешниҳодҳои мушаххас доир ба мавзуи мавриди назар хотима ёфт.


