4-уми майи соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз рӯи барномаи “Мактаби сарварӣ” баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур, ноиби якуми ректори Академия оид ба таълим, н.и.и., дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенҷазода Мирзо Анвар ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок ва суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии курс омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, тақвияти донишҳои идоракунӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар сохторҳои давлатӣ мебошад.
Барномаи таълимӣ мавзӯъҳои муҳимми идоракунии давлатӣ, банақшагирии стратегӣ, қабули қарор, муоширати касбӣ ва рушди малакаҳои роҳбариро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, дар доираи курси мазкур иштирокчиён имкони васеъи мубодилаи таҷриба доир ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии худро пайдо менамоянд.
Гузашта аз ин, ташкили чунин курсҳо дар заминаи сиёсати давлатии дастгирии занон амалӣ гардида, ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда мусоидат мекунад.


