Таҳти чунин унвон, 5-уми майи соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ- амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимону муҳаққиқон, инчунин, олимони хориҷӣ тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев К.Н. оғоз намуда, мафҳум ва моҳияти баргузории конференсияро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.
Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи менеҷменти байналмилалии Академия ташкил ва роҳандозӣ гардидааст, ки аҳаммияти он ба баланд бардоштани донишҳои иқтисодӣ ва дар ин замина татбиқи илм дар истеҳсолот мусоидат фаъол хоҳад кард. Иштрокчиёни конференсия доир ба рушди босуботи иқтисодӣ дар менеҷменти муосир, саноаткунонии босуръати кишвар, омилҳои таҳким бахшидани ҳамгироии иқтисодӣ ва дигар мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳ баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки нақши илм ва инноватсия дар татбиқи саноати иқтисоди миллӣ хеле муҳим ва ҳалкунанда мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технология, кишварҳо танҳо тавассути истифодаи донишҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо метавонанд иқтисоди худро рақобатпазир гардонанд.Бо такя ба тадқиқотҳои илмӣ, соҳаҳои саноат метавонанд усулҳои нави истеҳсолотро ҷорӣ намоянд, ки самаранокӣ ва сифати маҳсулотро баланд мебардоранд.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки инноватсия (навоварӣ) ба рушди иқтисодӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Вақте ки корхонаҳо маҳсулот ва хизматрасониҳои навро пешниҳод мекунанд, бозор васеъ мешавад ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд. Ин раванд ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр, конфронс бо баррасии мавзуъҳои дахлдор анҷом дода шуда, тибқи иттилои ташкилкунандагон қисмати дигари кори конфронс дар бахшҳо идома кард.


