Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои соли 2026 баргузор гардид. Ҳадафи озмун, мутолиаи асарҳои Пешвои миллат мебошад. Озмуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳар як фарди худогоҳи миллӣ тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда пайванд созад.

Мавриди зикр аст, ки ҳар як асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли имрӯзу фардоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбият менамояд. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавонон нақши басо бузургу шоиста мегузоранд.

Ҳамин тариқ, дар асоси хулосаи ҳайати комиссия иштирокдорон ба ҷойҳои зерин сазовор дорниста шуда, ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд:

Маҳмадализода Хайрандеш Диловар - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи якум);

Миралиён Шаҳло - магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” (ҷойи дуюм);

Ҷураева Зебонисо - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи сеюм).