Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи кафедраи технологияи рақамӣ ва амнияти киберии факултети дипломатия ва сиёсат, рӯзи 19 майи соли 2026 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро дар мавзуи «Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани савияи дониш, шароити рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.
Дар рафти конференсия баррасии масъалаҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:
- Саҳми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмиллалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён ва корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи рушди технологияҳои компютерӣ;
- Иттилоотикунонии соҳаи маориф самти меҳварии сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
- Рушди технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, шароити рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- Технологияҳои иттилоотӣ ва фанҳои дақиқ: заминаҳои рақамии рушдии устувор;
- Амнияти иттилоотӣ ва ҳуқуқҳои рақами ҳамчун унсури рушди уствор;
- Амалишавии «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ».
- Заминаҳои асосии зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ дар ташаккули фанҳои дақиқ ва риёзӣ.
- Рақамикунонии соҳаҳои маориф ва илм.
- Таъмини кибербехатарӣ ҳангоми гузариш ба технологияҳои рақамӣ.
- Ҷоринамоӣ ва рушди технологияҳои иттилооотиву коммуникатсионӣ ва педагогикаи рақамӣ дар низоми маорифи миллӣ.
- Нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар фаъолияти инноватсионӣ.
- Таълими устодон дар самти таҳияи маводи мултимедиавӣ (чандрасонавӣ) – видео-машғулиятҳо, аудиолексияҳо, мастер-классҳо оид ба таҳияи замимаҳои мобилӣ дар заминаи захираҳои таълимии мавриди ниёз ва таъсиси платформаҳои захираҳои таълимии дастрас.
- Амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар шабакаҳои компютерӣ;
- Ҳувияти миллию шаҳрвандии аҳолӣ дар шароити тавсеаи технологияи рақамӣ ва зеҳнӣ.
Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Баромад ва мақолаҳоро метавонед бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоед.
Маърузаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ) бояд дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошанд.
Барои иштирок дар кори конференсия то 16 майи соли 2026 мақолаҳо дар шакли электронӣ қабул карда мешаванд.
Мақолаҳое, ки баъд аз 16 майи соли 2026 ирсол карда мешавад, баррасӣ намегарданд. Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи амалисозии таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода шудаанд, ба кори конференсия роҳ надиҳад. Маводҳое, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд баъди ислоҳ то санаи 16 майи соли 2026 ба Кумитаи тадорукот ирсол карда шаванд.
Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: safarali1992@bk.ru, инчунин, барои дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед тавассути телефони: (+992) 981.09.88.81 дар тамос бошед.


