Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ХУШХАБАР! ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶУЁНИ АКАДЕМИЯ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳарики доно бувад”, ки аз 7-8-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид, якчанд донишҷӯёни Академия иштирок доштанд.

Дар натиҷа, аз рӯйи равияи фанҳои табиатшиносию риёзӣ дар даври сеюми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2025-2026 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 2 нафар ҷойи якум, 4 нафар ҷойи дуюм ва 3 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

1. Бахтиёри Амиралӣ - донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси “Идораи давлат ва ҳуқуқ” аз номминатсияи “Ҳуқуқ”, ҷойи якум.
2. Буриев Фаридун Ҷурабекович- донишҷӯи курси 3-юми факултети дипломатия ва сиёсат, ихтисоси “Менеҷменти сиёсӣ” аз номминатсияи “Фалсафа”, ҷойи якум.
3. Дӯстзода Зиёвиддин Абдухалил- донишҷӯи курси 4-уми факултети дипломатия ва сиёсат, ихтисоси “Сиёсат ва идораи давлатӣ” аз номминатсияи “Сиёсатшиносӣ”, ҷойи дуюм.
4. Маҳмадова Омина Шуҳратовна - донишҷӯи курси якуми факултети дипломатия ва сиёсат, ихтисоси “Муносибатҳои байналмилалӣ” аз номминатсияи “Забон ва адабиёти тоҷик”, ҷойи дуюм.
5. Муродов Амонулло- донишҷӯи курси 4-уми факултети идоракунии давлатӣ, ихтисоси “Идораи давлатӣ ва иқтисод”, ҷойи дуюм.
6. Ҳасанова Шукрона- донишҷӯи курси якуми факултети дипломатия ва сиёсат, ихтисоси “Сиёсат ва идораи давлатӣ” аз номминатсияи “Забони русӣ”, ҷойи дуюм.
7. Ахмедов Парвиз - донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси “Ҳуқуқи байналмилалӣ” аз номминатсияи “Таърихи халқи тоҷик” , ҷойи сеюм.
8. Жабинова Сабрина Файзалиевна- донишҷӯи курси 2-юми факултети идоракунии давлатӣ, ихтисоси “Идораи давлатӣ” аз номминатсияи “Педагогикаи умумӣ”, ҷойи сеюм.
9. Юсуфов Исломиддин- донишҷӯи курси 4-уми факултети идоракунии давлатӣ, ихтисоси “Идораи давлатӣ ва иқтисодиёт” аз номминатсияи “Математика”, ҷойи сеюм.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони Академия ғолибони олимпиада ва инчунин омӯзгороне, ки иштирокчиёнро дар номминатсияҳои пешниҳодшуда роҳнамоӣ намуданд, самимона табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар озмуну олимпиадаҳои дарпешистода барору муваффақиятҳо таманно менамоянд.