Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси бахши хобгоҳ ва бахши кор бо ҷавонон ба муносибати 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи “Футболи хурд” миёни донишҷӯписарони хобгоҳ барои дарёфти “Ҷоми хобгоҳ - 2024” оғоз гардид.
Мусобиқа бо мақсади равнақ додани муттаҳидию дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рушд, тарғиб ва ташвиқоти варзиш, хусусан футбол, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни донишҷӯёни хобгоҳ ва муайян намудани футболбози беҳтарин, инчунин муаррифӣ намудани беҳтарин дастаи футбол байни донишҷӯписарони хобгоҳи Академия ба муносибати 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Сабқати мазкур аз 28 то 6 ноябр идома ёфта, дар он 16 даста аз ҳисоби донишҷӯён иштирок менамоянд ва ғолибон дар арафаи ҷашни миллии 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ бо диплому мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |






