Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ

 

       

 

Саидов Нуралӣ Сангалиевич

Мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ

Тел: (+992) 988-88--25-66

E-mail: nurali.saidov.86@inbox.ru

 

 

 

 

Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ яке аз кафедраҳои тахассусии Академии идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 2009 ба фаъолият оғоз намудааст. Заминаи таъсиси он дар доираи татбиқи нишондоди Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба фармони Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.12.2008, №100 амалӣ гаштааст.

Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ дар заминаи талаботи Оинномаи Академия, Низомномаи кафедра ва Қарорҳои Шӯрои олимон, Шӯрои илмӣ-методӣ фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии худро ба роҳ мондааст. Ҳайати устодони кафедра дар самти “Истифодабарии самараноки идоракунии захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавзуи “Идоракунии захираҳои инсонӣ: тамоилоти муосири таҳқиқоти илмӣ” тадқиқотҳои илмиро барои солҳои 2021-2025 тадриҷан амалӣ карда истодаанд.

Айни замон кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ ҳамчун кафедраи тахассусӣ мутахассисонро аз рӯи ихтисоси  1-26020212 - Идораи ҳайати кадрӣ дар зинаи таҳсилоти бакалавр, магистратура ва маълумоти дуюми олии касбӣ тайёр карда истодааст. Мақсади кафедра тарбияи мутахассисони дорои донишу малакаи идоракунии захираҳои инсонӣ барои соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар заминаи таҳия ва татбиқи технологияҳои муосири таълим мебошад. 

Ҳайати устодону профессорони кафедра дар соли таҳсили 2024-2025 аз 7 нафар устодони доимӣ, 9 нафар ҳамкорони дохилӣ ва 3 нафар ҳамкорони берунӣ иборат аст. 

 

Стратегияи асосии рушди кафедра - истифодаи ҳамаҷонибаи маҷмуи захираҳои кафедра барои ноил шудан ба ҳадафҳо, вазифаҳо, татбиқи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати  таълим маҳсуб мегардад. Дурнамои фаъолияти кафедра дар асоси 4 самт ба роҳ монда шудааст:

         1.Корҳои таълимӣ-методӣ:

Беҳдошт ва баланд бардоштани сифати таълим аз ҳадафҳои муҳими кафедра маҳсуб меёбад. Дар ин замина тибқи нақшаи кории кафедра ба сифати таҳсилот,  давомоти донишҷӯён, истифодаи маводи таълимӣ-методӣ, рӯйнамоҳо (презентатсияҳо) таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Раванди таълим бо назардошти дастовардҳои охирини илму технология, инчунин истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ ташкил карда мешавад.

         Боиси қайд аст, ки омӯзгорон дар машғулиятҳои худ аз усулҳои фаъоли таълим истифода мебаранд, ки омили асосии беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим мегардад.

 

2.Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ:

Дар асоси таснифи самтҳои муҳимтарини таҳқиқоти илмии тахассуси назди кафедра ва таҳқиқоти илмии анҷомёфта, имкониятҳо ва иқтидори кадрӣ масъалаҳои зерин мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шудаанд:

  • таҳқиқи проблемаҳои муосири идоракунӣ ва рушди захираҳои инсонӣ вобаста ба нишондодҳои Консепсияи рушди инсон ва Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • омӯзиши тамоюлоти муосир ва таҷрибаи ҷаҳонии идоракунии захираҳои инсонӣ, таҳияи тавсияҳои илмӣ оид ба ҷоринамоии навгониҳои соҳаи идоракунии захираҳои инсонӣ дар низоми сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таҳқиқи ҷараёнҳо ва равияҳои гуногуни илмӣ бо мақсади мусоидат ба ҷараёни ташаккули низоми муосири идоракунии ҳайати кормандон тамоми сатҳҳо;
  • таҳияи тавсия ва пешниҳодоти илмӣ баҳри ташаккули стратегияи миллии рушди захираҳои инсонӣ.

3.Корҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ:

 Корҳои тарбиявии кафедра қисми таркибии раванди таълим буда, ба татбиқи вазифаҳои ташаккул ва рушди фарҳанги шахсияти мутахассисони оянда равона гардида, бо мақсади таъмини рушди инфиродӣ, такмили малакаю маҳорат ва худшиносии шахсияти донишҷӯ дар фазои таълимии Академия дар асоси арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, дурнамои иҷрои нақши фаъоли шаҳрвандӣ ва рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат амалӣ карда мешавад.

Дар кафедра корҳои тарбиявӣ аз ҷониби ҳар як омӯзгор дар доираи фанни худ, инчунин сарпарасти гурӯҳи академӣ ба тариқи инфиродӣ дар давоми "соатҳои кураторӣ", ки ҳар ҳафта тибқи ҷадвал як маротиба  барои ошкор кардани мушкилоти донишҷӯён ва ҳалли саривақтии онҳо гузаронида мешавад.

4.Таъминоти кадрӣ:

         Мақсади асосии таъминоти кадрӣ аз таъсиси коллективи баландихтисоси кафедра, таъмини рушди доимии маҳорати педагогӣ, тадқиқотии он ва паст кардани синни миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра ва баланд бардоштани дараҷаи омӯзгорони кафедра иборат буда, татбиқи ин мақсад ҳалли вазифаҳои асосии ба ҳам алоқамандро аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар назар дорад:

  • баланд бардоштани сифати раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ;
  • ҷалб ва омодасозии омӯзгорони ҷавон барои таъминот
  • татбиқи техникаи мултимедияви раванди таълим;
  • ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра;
  • баланд бардоштани индекси иқтибос аз муаллимони кафедра;
  • такмили ихтисоси омӯзгорони кафедра.