Таҳти чунин унвон, имрӯз 3 юми майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори факултети дипломатия ва сиёсат ва Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар қисмати ифтитоҳии он узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хидирзода М.У., ноиби ректори Академия Карамалишоев К.Н., доктори илмҳои сиёсӣ, профессорони кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа Қувватзода С.З. ва Саидов Ҳ.С., директори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ Саидмухторов А.А., декани факултети дипломатия ва сиёсат Исматуллозода Ф. И. ва дигар устодону кормандони Академия иштирок намуданд.
Нахуст, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамалишоев К.Н. бо суханони муқаддимавӣ конфронсро ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин ҳамоишро муҳимму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Таъкид дошт, ки яке аз муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳон, ки боиси нигаронии мардуми Сайёра гардидааст, ин ривоҷ ёфтани терроризму экстремизми байналмилалӣ мебошад. Мутаассифона, ҷаҳони муосир дар чунин ҳолати душвор шоҳиди оқибатҳои нохуби амалҳои террористӣ гардида истодааст.
Гуфта шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷумҳурии мо солҳои охир дар самти муқовимат бо чунин таҳдидҳои ҷаҳонӣ фаъол буда, баҳри таъмини амнияту субот қадамҳои устувор мегузорад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Аз ҷумла, узви комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хидирзода Махфират Умар зикр дошт, ки дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм, инчунин дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дошта, мубориза бо онҳо ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди бошуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба афкори пурғалати чеҳраҳои сиёсиии ноаён фирефта нашуда, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон ҳиссагузор шаванд.
Дар конфронс профессори кафедараи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академия Қувватзода Сайдулло Зувайд зимни баромади хеш доир ба омилҳои асосии зуҳур ва паҳншавии ғояҳои экстремистӣ, амалҳои террористӣ дар шароити Тоҷикистон ва василаҳои пешгирии онҳо маърӯза намуд. Қайд гардид, ки пурзӯр намудани мубориза ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Вобаста ба масъалаиҳои дигар рӯзномаи конфронс иштирокдорон баромад намуданд.
Ҳамин тавр, конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ бо мулоҳизаронӣ, натиҷабардорӣ ва мубодилаи афкори судманд анҷом пазируфт.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |