Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ВОХӮРИИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИ НАВТАЪИНИ НАМОЯНДАГИИ БУНЁДИ ҲАННС ЗАЙДЕЛ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

14 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии расмии ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон бо роҳбари навтаъини Намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Константин Блашке баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ректори Академия бо ибрози арҷгузорӣ ба муносибатҳои неки дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон аз оғоз то имрӯз дар фазои эътимоди мутақобила, эҳтироми тарафайн ва ҳусни тафоҳум густариш ёфта, ҳоло дар марҳалаи сифатан нави инкишоф қарор доранд.

Даврон Сафарзода саҳми муассир ва арзишманди Бунёди Ҳаннс Зайделро дар рушди захираҳои инсонӣ, бахусус омода сохтани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, таъкид намуда, онро ҳамчун намунаи ҳамкории муваффақ ва намунавӣ арзёбӣ карданд.

Зикр гардид, ки Академияи идоракунии давлатӣ ҷиҳати густариши робитаҳои илмӣ ва амалии байналмилалӣ, инчунин татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки таълимӣ пайваста талош меварзад. Ҳамкориҳои судманд бо Бунёди Ҳаннс Зайдел, аз ҷумла дар самти мубодилаи таҷриба ва анҷом додани таҳқиқоти муштарак, имкониятҳои фаровонеро барои рушди низоми идоракунии давлатӣ ва такмили хидматрасонии давлатӣ фароҳам месозанд.

Дар идомаи суҳбат, ҷонибҳо доир ба заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалии ҳамкориҳои мутақобила изҳори назар намуда, аҳаммияти татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи таҳкими маҳорат ва салоҳияти касбии хизматчиёни давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки Академияи идоракунии давлатӣ бо мақсади иҷрои самароники фаъолияту уҳдадориҳо дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел аз соли 2009 инҷониб дар доираи Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи муштараки магистрӣ барои хизматчиёни давлатӣ аз рӯйи ихтисоси “Идоракунии давлатӣ”, курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманд-хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан-сарвар” ва курси омӯзишии “Идоракунии рушди маҳал” барои раисони ҷамоатҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо ирода ва ҳавасмандии хешро ҷиҳати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи робитаҳои судманд изҳор дошта, дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мулоқот дар фазои самимӣ, созанда ва бо рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.