Дар фазои маънавии пурифтихор ва бо ниятҳои олии таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, 15 майи соли 2025, бо ибтикори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Осиёи Марказӣ, вохӯрии тантанавии хатмкардагони барномаи муштараки магистратура баргузор гардид. Ин ҳамоиш на танҳо ҷашни рӯшноии маърифат ва илмӣ буд, балки таҷассумгари возеҳи робитаҳои стратегии Тоҷикистону Олмон дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва мукаммалсозии сиёсати кадрӣ ба шумор мерафт.
Маҳфили бошукӯҳи мазкур бо сухани муқаддамотии ректори Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон ифтитоҳ гардид. Муҳтарам Сафарзода бо ҳусни баён ва диди фарогири сиёсиву маънавӣ иброз доштанд, ки ҳар муваффақияти соҳаи маориф ва парвариши кадрҳои соҳибмаърифат маҳсули Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мавсуф таъкид намуданд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи кишварҳои ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ қарор дорад ва ин, бешак, самараи роҳнамоии воқеӣ ва мактаби давлатсозии миллист.
Бо ибрози суханҳои баландмазмун, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, изҳор доштанд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раҳнамоии Пешвои миллат бо иродаи сиёсиву иҷтимоии қавӣ ба масоили таҳияи кадрҳои босалоҳият, ватандӯст, худшинос ва маърифатгаро таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.
Дар идомаи ҳамоиш, роҳбари тозатаъини Намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, ҷаноби Константин Блашке, дар фазои самимиву эҳтиром изҳор намуданд, ки Бунёди мазкур дар асоси уҳдадориҳои худ омода аст, ки минбаъд низ барои амалисозии ормонҳои илмиву амалии хатмкардагон ҳамкории пайваста намояд ва ҳамчун шарики боэътимод дар масири таҳкими иқтидорҳои миллии маъмурии Тоҷикистон боқӣ монад.
Боиси тазаккур аст, ки дар доираи чорабинӣ микротренинги илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Чаро ба Тоҷикистон Кодекси экологӣ лозим аст: мушкилоти парокандагӣ ва роҳҳои кодификасия» бо иштироки тренери варзида Алексей Полтавес баргузор гардид. Дар ин тренинг масъалаҳои мубрами муҳити зист, зарурати таҳияи қонуни ягонаи экологӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти парокандагӣ тавассути кодификасияи самаранок мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вохӯрии мазкур ба сифати рамзи ваҳдати маърифат ва иродаи созандагӣ, сафҳаи ҷадиде дар китоби ҳамкориҳои стратегӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз шарикони муҳим — Бунёди Ҳаннс Зайдел гашта, заминаи устувори рушду тараққиёти равобити илмӣ, сиёсиву фарҳангиро дар марҳалаи нав фароҳам овард.