Имрӯз, 16 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии оила тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Маҳфилро мудири кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Холинова М.М. ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Инчунин таъкид гашт, ки побарҷойии оила ва муносибатҳои оилавӣ ҳамчун маҳаки асосии ҷамъият дар ҳар давру замон ба анъанаҳои миллӣ, арзишҳои асили одоби оиладорӣ, ахлоқ ва қонун такя менамояд. Ғояҳои одоби оиладории миллӣ, ки ба принсипҳои эҳтироми ҳар аъзои оила, дӯстиву рафоқати байниҳамдигарӣ, садоқату вафодорӣ, ғамхорӣ нисбат ба якдигар, масъулияти тарафайн дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ, тарбияву ба воя расонидани фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ ва дигар арзишҳо асос меёбанд, ҳамеша як ҷузъи муҳимми фарҳанги тоҷикона маҳсуб ёфта, талқингари ғояҳои инсондӯстона ба шумор мераванд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯён ва магистрантон дар мавзуъҳои “Танзими ҳуқуқии оила ва муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоқикистон”, “Танзими ҳуқуқии оила ва муносибатҳои оилавӣ дар шароити иттилооткунонии ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Заминаҳои ҳуқуқии ташаккули оила дар даврони соҳибистиқлолӣ”, “Танзими ҳуқуқии фарзандхондӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Инкишофи ҳуқуқи кӯдак дар тамаддуни зардуштӣ”, “Зӯроварӣ дар оила - амали номатлуби иҷтимоӣ” баромад намуданд.
Дар фарҷом, доир ба масъалаҳои мубрами танзими ҳуқуқии оила ва муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Як гуруҳ аъзоёни доимии маҳфил аз факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, дипломатия ва сиёсат барои иштироки пайвастаю фаъол дар маҳфилҳо бо Сипосномаи кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ қадрдонӣ гардиданд.